Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Антон Силуанов

19 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Ҳукумат, вазири молияи Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Антон Силуановро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид карданд, ки мо ба таҳкими муносибатҳои минбаъдаи афзалиятноки дӯстию ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия аҳамияти махсус медиҳем.    

Нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ду ҷониб, аз ҷумла созишномаҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баррасии “Барномаи руши ҳамкории иқтисодии чонибҳо барои то соли 2021” барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, муҳим арзёбӣ гардид.  

Таъкид шуд, ки айни замон сохтори муомилоти молҳои мамлакатҳои мо “захираи ашёи хом” боқӣ мемонад ва мо бояд барои диверсификатсияи он кушиш ба харҷ диҳем. Дар ин робита пешниҳод гардид, ки бояд механизми содда кардани навъҳои дастрасии мол аз Тоҷикистон ба бозори Россия таҳия карда шавад. Ҳамкории фаъол дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак зарур шумурда шуд.

Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1, 6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт.

Ҷонибҳо барои ҳамкории фаъол дар соҳаи истихроҷу коркарди маъдан, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, энергетика ва комплексҳои кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва кредит, дар соҳаи нақлиёт, логистика, технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсия ва сайёҳӣ, изҳори омодагӣ карданд.

Таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз мавзуъҳои дигар мулоқот буд, ки мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj