Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз, 22 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қосим-Жомарт Токаев, ки зимоми иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба ӯҳда гирифт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбодӣ карда, ба ӯ фаъолияти самарбахшро дар ин маснади сермасъули давлатӣ бар нафъи шукуфоиву пешрафти минбаъдаи Қазоқистони дӯст орзу намуд.

Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зимнан Пешвои миллат ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.  

Дар рафти суҳбат президентҳо мубодилаи табрикот ба муносибати иди хуҷастапайи Навруз, ки саршори анъанаҳои созандаи дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар мебошад, анҷом доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj