Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикӣ ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев

20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев барқияи табрикӣ фиристоданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Касим-Жомарт Кемелевич,

Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ намуданатон самимона муборакбод мегӯям.

Ба Шумо тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар ин мансаби баланди давлатӣ фаъолияти пурсамар таманно дорам.

Дар Тоҷикистон Шуморо мешиносанд ва ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва тарафдори рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории серҷабҳа миёни мардумони мо эҳтиром менамоянд.

Муътақидам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ тамоми мачмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба манфиати мардумони дӯсти мо равона шудаанд, самаранок густариш медиҳем».

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj