Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Бухарест

15 апрели соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии чорабинии мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимни он таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.  

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj