Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Руминия

15 апрели соли 2019 дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” дар шаҳри Бухарест Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Руминия Теодор Мелешкану мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  ва  дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj