Мулоқот бо Сафири Амороти Муттаҳидаи Араб

04.02.2016 12:33

4 феврали 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл ал-Катбиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат перомуни ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор сурат гирифт.  

Татбиқи бомуваффақияти як қатор лоиҳаҳои муштарак, ки дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикӣ миёни ду кишвар саҳми муайян гузоштанд, таъкид шуд.  

С. Аслов ба Сафир Ал-Катби барои маъмурияти пурсамари дипломатияш ба нафъи рушду тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори сипос намуд.

Мулоқот бо Сафири Амороти Муттаҳидаи Араб

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим