4 феврали соли 2016 вохӯрии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону СУТ, натиҷаи ҳамкориҳо ва роҳҳои татбиқи барномаву лоиҳаҳои минбаъда дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои мубориза бар зидди бемории сироятӣ ва таъмини хизматрасониҳои тиббӣ-санитарӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Зимни суҳбат Роҳбари тозатаъиншудаи Намояндагии СУТ дар Тоҷикистон расман нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.