17 июли соли 2024 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо ректори Донишкадаи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Абдулазиз Муҳаммад Юсуф ал-Ҳур баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимнан масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қатарро дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ доир ба бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафҳо, аз ҷумла омода намудани тарҷумонҳои касбӣ табодули назар сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan