Муносибатҳои Тоҷикистон бо Латвия

07.07.2022 10:10

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Латвия  

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 11 майи соли 1994 барқарор шудаанд.  

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Бахтовар Сафарзода (бо қароргоҳ дар Минск) мебошад. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рейнис Трокша (бо қароргоҳ дар Тошканд) мебошад.

Ҳамкории сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо). Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия дар соли 2009 рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия ба шумор меравад.

Соли 2009 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Валдис Затлерс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия, ҷаноби Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

2 феврали 2009 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйири номи қуллаи «Латвия Шӯравӣ» ба «Қуллаи Латвия» қарор қабул намуд

Машваратҳои сиёсӣ. 6-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия таҳти роҳбарии сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Америкаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо ва Улдис Микутс, мудири якуми Департаменти муносибатҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия баргузор шуд.

Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ. 30 ноябри соли 2013 ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ дар ш.Рига баргузор гардид. Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур Протоколи ҷаласаи нахустин Комиссияи Тоҷикистону Латвия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расид.

Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳи январ-ноябри соли 2023 – 2015,6 доллари ИМА-ро ташкил дод, ки аз ин 671,9 ҳазор доллар- содирот ва 1343,7 воридот мебошанд.

Пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия 13 санади имзошударо дар бар мегирад. 

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим