Муносибатҳои Тоҷикистон бо Лаҳистон
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошканд) Радослав Грук мебошад.
Соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Полшаро ба ҳузур пазируфтанд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе дар соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава дар соли 2003 гузошта шуд.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷей Себастян Дуда мулоқот анҷом доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон машваратҳои сиёсӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Дар доираи барномаи мубодила байни донишгоҳҳо омӯзгорони Лаҳистон ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик ба Тоҷикистон сафар менамоянд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад.
Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Лаҳистон дар соли 2022 23 миллион доллари ШМА-ро ташкил дод.
Ноябр, 2023