Мулоқот бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҳиндустон

05.06.2025 18:12

5 июни соли 2025 дар шаҳри Деҳлии Нав вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шекҳават доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, адабӣ ва сайёҳӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки ин муносибатҳо бар асоси пайвандҳои таърихӣ, забонӣ ва маънавии асрҳо таҳким ёфтаанд.

Як қатор иқдом, аз ҷумла таҳияи феҳристи ягонаи дастнависҳои тоҷикӣ-форсии маҳфуз дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Ҳиндустон ва рақамикунонии онҳо, аз ҷумла платформаи онлайнии «Ганҷинаи Бедил», ки ба осори шоири маъруфи адабиёти форсизабони Ҳиндустон Мирзо Абдулқодири Бедил бахшида шудааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар идома, масъалаи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳангӣ, дастгирии нашри маҷмӯаи чандзабона бо номи «Бедил дар ойинаи дил» ва барқарорсозии боғи таърихии «Боғи Бедил» дар шаҳри Деҳлӣ ҳамчун рамзи муштаракоти фарҳангӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои таҳсилотӣ ва илмӣ, аз ҷумла таъсиси факултаҳо, марказҳои тадқиқотӣ ва барномаҳои омӯзишӣ таъкид намуда, ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои мустақим дар соҳаи воситаҳои ахбори омма ва иттилоот таъкид карданд.

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим