5 июни соли 2025 дар Деҳлии Нав дар ҳошияи ҷаласаи 4-уми Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон» Шурои соҳибкорон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ доир гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ тазаккур дод, ки Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои судманди худро тавассути ҳамкориҳои мутақбоилан муфид дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва саноат таҳким мебахшанд.
Дар зимн бо ибрози ин, ки рӯзҳои 8-10 июли соли 2025 дар Душанбе Шурои байналмилалии нассоҷӣ доир мегардад, барои тавсеаи бештари равобити саноатӣ аз ширкатҳои ҳузурдошта барои иштирок дар он чорабинӣ даъват ба амал овард.
Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ равона гардид.
Ҷонибҳо самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, зарурати рушди долонҳои нақлиётӣ – аз ҷумла бандари Чобаҳор ва долони «Шимол – Ҷануб», пешниҳодҳоро оид ба таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ ва соддагардонии расмиёти транзитӣ ироа намуданд.
Муколама бозгӯи иродаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон дар таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба ва талошҳои муштарак барои субот ва рушди устувори минтақа мебошад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan