Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар ҷашни 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО

11.06.2025 15:06

 

11 июни соли 2025 дар шаҳри Париж вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ (IHP)-и  ЮНЕСКО ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ дар маросими ифтитоҳ ӯ иштирокдорони ҳамоишро бо ин солгарди муҳими IHP табрик намуда, фаъолияти ЮНЕСКО-ро дар самти илмҳои об муҳим арзёбӣ кард.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо тавассути дипломатияи об ва истифодаи оқилонаи захираҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намудани мушкилоти ин соҳа ва дарёфти роҳи ҳалли  онҳо мебошад.

Дар робита ба ин, таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори пешсафи байналмилалӣ дар соҳаи об омода аст ҳамкориҳоро бо ЮНЕСКО ва кишварҳои узв ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, густариши илмҳои об ва татбиқи ташаббусҳои глобалӣ дар ин самт идома диҳад.

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим