11 июни соли 2025 дар ҳошияи иштирок дар маросими сатҳи баланди 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО дар ш. Париж мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаҳои беҳсозии ҳамлу нақли минтақавӣ, соддасозии расмиёти савдо, истифодаи устувори захираҳои об, гузариш ба иқтисоди сабз ва рақамисозӣ, инчунин масъалаҳои муҳими ҳамгироии минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan