Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон

16.06.2025 09:00

 

 

14-уми июни соли 2025 бо дархости ҷониби умонӣ гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Сайид Бадр ибни Ҳамад ал-Бӯсаидӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, перомуни омодагӣ ба чорабиниҳои дар пешистодаи сатҳи олии миёни ду кишвар таваҷҷуҳи вежа доданд.

Вазирон инчунин доир ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим