Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венесуэла

17.06.2025 15:40

 

17 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла баргузор гардид.

Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин ва ҷониби Венесуэларо муовини вазири корҳои хориҷӣ дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти машваратҳо, ки маротибаи нахустин доир гардид, масъалаҳои роҳандозӣ ва рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Венесуэла, шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, инчунин дигар мавзуҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуданд.

Дар фароварди ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро ба манзури густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, таҳкими тамосҳои мустақим ва такмили заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ иброз доштанд.

Дар доираи машваратҳо Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси абзори машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли ҷорӣ ҷонибҳо 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро байни ду кишвар таҷлил мекунанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим