Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар

15.10.2026 19:11

 

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар чорабиниҳои тантанавӣ баргузор намуданд.

7 октябри соли 2026 дар шаҳри Исломобод бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазироии расмӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ҳайати намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии кишвари иқомат, инчунин дигар меҳмонони воломақом иштирок намуданд.

8 октябри соли 2026 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Истанбул ва диаспораи тоҷикон дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия шоми расмӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони баландпояи мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои консулӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, роҳбарони иттиҳодияиҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳамватанони муқими Анталия иштирок намуданд.
 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Мо дар Youtube: https://www.youtube.com/@mfa_tj

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим