Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон

13.03.2014 08:00

13 марти соли 2014 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Собир Азамро ба муносибати ба итмом расидани фаъолияти корӣ ба ҳайси Намояндаи Минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот С.Азам дар мавриди комёбиҳо ва ҳадафҳои ояндаи Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар навбати худ, Муовини вазири корҳои хориҷӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он Раёсат самаранок хоҳад буд ва барои саҳми ӯ дар таъмини ҳимоя ва кӯмак расондан ба паноҳандагон дар Тоҷикистон изҳори минатдорӣ кард.

Нигористон

Тақвим