Роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ Шумо устоди арҷмандро ба ин муносибат табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар рӯзгоратон беҳтарин хушиҳоро таманно менамоянд. Таҳти роҳбарии Шумо, Талбак Назаровичи мӯҳтарам, Вазорати корҳои хориҷӣ дар марҳалаи ба истиқлолият расидани Ҷумҳурӣ ташаккул ёфт ва беҳтарин кадрҳои дипломатӣ маҳз бо дастгирии Шумо ба ниҳод ба кор кабул карда шудаанд, ки имрузҳо баҳри обрӯю пешрафти Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
Устоди азиз, бори дигар барои Шумо тани сиҳату, мувафақиятҳо орзумандем.
Бо эҳтиром, Коллективи Вазорати корҳои хориҷӣ