Дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 15 марти соли 2014 дар Теҳрон бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Читчиён мулоқот анҷом дод.
Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика ва зербинои нақлиёт, аз ҷумла амалисозии нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 ва нақби Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон инчунин дар мавриди баҳрабардории оқилона аз захираҳои обии минтақа ва манбаъҳои таҷдидпазири энергия мубодилаи афкор намуда, алоқамандии ду ҷонибро ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар амалисозии тарҳҳои муҳимми зербиноӣ таъкид карданд.