12 марти соли 2014 дар Департаменти давлатии ШМА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби давлатии ШМА Виллиамз Бернз баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ-низомӣ ва амниятӣ, идомаи равобити шарикона, кӯмаки минбаъдаи ШМА ҷиҳати таҳкими марзҳои ҷанубӣ ва тақвияти имконоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2014 ва марҳилаи баъди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо роҷеъ ба лоиҳаҳои минтақавӣ, бахусус лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, коммуникатсионӣ, обӣ-энергетикӣ ва аҳамияти онҳо ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа мубодилаи афкор намуданд.