15 марти соли 2014 дар шаҳри Теҳрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд.
Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ва рағбати худро ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву нақлиётӣ, фарҳангиву омӯзишӣ ва амниятӣ таъкид намуданд.
Инчунин Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, мардуми кишварҳои ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.