Дар идомаи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 16 марти соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ мулоқот намуд.
Дар мулоқоти мазкур таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон намунаи барҷастаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум байни ду кишвар аст. Аз замони барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории ду кишвар ба болотарин сатҳ расида, заминаҳои гуногунро фаро гирифт. Қайд шуд, ки муносибатҳои байнипарламентӣ низ байни ду кишвар бо муваффақият густариш меёбанд. Дар ин самт гурӯҳҳои дӯстӣ, ки дар парламентҳои ду кишвар таъсис ёфтаанд, саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷонибҳо бо изҳори ризоят аз сатҳи ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун қайд намуданд, ки дар оянда низ ният доранд, лоиҳаҳои муштараки дигарро, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ созанд.