Раиси ҶИЭ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

17.03.2014 00:00

17 марти 2014 Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин дидор Вазири корҳои хориҷӣ паёми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ супорид.

Дар паёми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таъкид бар омодагии ҷониби Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват ба амал овард, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиб боздиди расмӣ ба амал оварад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд.

Дар суҳбате, ки сурат гирифт, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муҳимтарин шарикони иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мусоидат ва иштироки Эрон дар кишвари мо тарҳҳои бисёр муҳимми зербиноӣ амалӣ мегарданд. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки барои ду кишваре, ки ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд, табиист, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва илму маориф аҳаммияти фаровон дорад.

Мусоҳибон бо табрики ҳамдигар ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврӯз изҳори боварӣ намуданд, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту бародар дар оянда низ ба нафъи мардумони ду кишвар инкишоф хоҳанд ёфт.

Раиси ҶИЭ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Раиси ҶИЭ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Нигористон

Тақвим