Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

11.02.2015 16:15

11 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Микула мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои  Тоҷикистону Швейтсарияро муҳокима намуда, оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.

Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим