18 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Ён Ҷон-куро бинобар ба итмом расидани муҳлати маъмурияти дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат рушди бемайлони ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Корея тайи солҳои охир таъкид гардид. Дар атрофи роҳҳои татбиқи иқтидори мавҷуда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориҳо табодули назар сурат гирифт.
Сироҷидин Аслов фаъолият ва саҳми ҷаноби Ён Ҷон-куро дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг баланд арзёбӣ кард.
Ён Ҷон-ку аз Ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ва фароҳам овардани шароит барои маъмурияти дипломатии ӯ изҳори сипос намуд.
