26 феврали соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (иқоматгоҳ дар Тошканд) Ли Ук-хён баргузор гашт.
Дар рафти суҳбат Сафир Кордори навтаъиншудаи Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Йом Ки Ёнгро муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.
