25 феврали соли 2015 дар Дафтари марказии Ширкатии миллии сохтмонии Ҳиндустон (National Buildings Construction Corporation Ltd.) мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов бо Мудири кулл ва ҳамзамон директори иҷроияи он ширкат ҷаноби Ануп Кумар Миттал баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот Сафир ҳамсӯҳбатро бо шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ, бозори сохтмони дохилии Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷуда ва дастовардҳои кишвар шинос намуда, ҷонибҳо дар бораи имкониятҳо ва равиши ба роҳ мондани ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.