Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ

27.02.2015 17:39

27 феврали соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, ки ба ҳайси сарвари Миссияи нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард, баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои  Тоҷикистону ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масоили омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо, ки 1 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, мубодилаи афкор карданд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар ҳошияи Иттиҳодро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ

Нигористон

Тақвим