Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси корхонаҳои саноати ҳарбии Покистон

27.02.2015 18:13

27 феврали соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси корхонаҳои саноати ҳарбии Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал-лейтенант Муҳаммад Аҳсан баргузор гашт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи иқтисодиёту тиҷорат ва  вазъият дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ, табодули назар карданд.  

Нигористон

Тақвим