28 феврали соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, ки ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла равандҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, омодагии кишвар ба интихоботи парлумонӣ, масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва амниятӣ, обу нерӯ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шудаанд.
