Вохӯрӣ бо Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай

28.02.2015 17:31

28 феврали соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироджидин Аслов  ҳайати Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхайро бо роҳбарии Муовини котиби генералии СҲШ Сабир Имандосов ба ҳузур пазируфт.

С. Аслов ба давлатҳои аъзо ва Котиботи СҲШ барои ташкили Миссияи мазкур ва сафар ба шаҳри Душанбе ҷиҳати назорати интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони халқи маҷлисҳои маҳалии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои ҷумҳурӣ изҳори сипос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин Созмони батадриҷ рушдёбанда мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар арафаи ин вохӯрӣ мулоқоти ҳайати Миссияи нозирони СҲШ бо Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён доир гардид.

Вохӯрӣ бо Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай

Вохӯрӣ бо Миссияи нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай

Нигористон

Тақвим