Интихобот дар намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷа

01.03.2015 14:34

Маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Брюссел

1 марти соли 2015 дар ш.Брюссел дар участкаи интихоботии №57/5 воқеъ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия маъракаи интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон – интихоботи даъвати панҷуми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Дар рафти маъракаи интихоботӣ 88,57% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург иқомат доранд, фаъолона ширкат варзиданд.
Муфассал...

Интихобот дар шаҳри Лондон

Имрӯз аз соати 06:00 вақти маҳаллӣ дар участкаи интихоботии 58/6 дар дафтари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламравии Британияи Кабир иқомат ва таҳсил мекунанд, бо ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандии худ ва барои муайян намудани раъйи худ дар интихоботи мазкур фаъолона иштирок карда истодаанд.

Маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳри Лондон то соати 20:00 идома хоҳад ёфт.

Аксҳо...

Интихобот дар шаҳри Вашингтон

Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соати 6 субҳ бо вақти маҳаллӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Комиссия участкавии интихобот оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №77/25 – аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 рафти интихоботро таъмин намуда, то соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ тамоми шароити лозимаро ҷиҳати интихоби вакилон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка иқомат доранд, фароҳам месозад.

Аксҳо...

 

Интихобот дар шаҳри Екатеринбург

Участкаи интихоботии 83/31 дар толори Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия соати 06:00 ба кори худ шуруъ намуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсии кишвар, тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди интихобот муҳайё гардидааст.

Дар нимаи аввали рӯз зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандон раъйи худро доданд.

Бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон интихобот давом дорад.

Аксҳо...

 

Интихоботи парламентӣ дар Вена

Субҳи имрӯз, 1 марти соли 2015, соати 08:00 бо вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена овоздиҳӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, айни замон идома ёфта истодааст.
Дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Австрия, Словакия, Маҷористон ва дигар кишварҳо ба таври доимӣ ё муваққатӣ кору фаъолият доранд, иштирок менамоянд.

Аксҳо...

Интихобот дар  Ҳиндустон

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаи интихоботии 75/23 Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон соати 8.00 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то ҳол идома дорад.

Ба борони шадиди ғайри чашмдошт нигоҳ накарда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, то соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ 45 дар сади шаҳрвандони дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ба рӯйхат гирифташуда райъи худро доданд.

Аксҳо...

Интихобот дар  Давлати Қатар

Субҳи имрӯз, 1 марти соли 2015 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистони муқими Давлати Қатар дар интихобот фаъолона иштирок карда истодаанд.

Аксҳо...

 

Интихобот дар  Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забӣ

Участкаи интихоботии №54/2 аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ субҳи 1 марта соли 2015, соата 6:00 кори худро оғоз намуд.

Қобили тазаккур аст, ки то соата 10:00 субҳ дар ин маъракаи муҳими интихоботӣ зиёда 15 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Аморати Абу Забӣ иқомат мекунанд, иштирок намуда, овоз доданд.

Аксҳо...

 

Интихобот дар Сафорати Тоҷикистон дар Минск

Имрӯз, 1 марти соли 2015, соати 6 субҳ ба вақти Минск дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, ки дар бинои он участкаи интихоботии 56/4 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон воқеъ мебошад, интихобот шурӯъ шуд.

Комиссияи участкаи интихоботӣ, ки онро Сафир Қ.Қоимдодов роҳбарӣ менамояд, корҳои назаррасеро барои омодагӣ ва баргузории интихобот, аз ҷумла, тартиб додани рӯйхати пешакии интихобкунандагон, омода намудани участкаи интихоботӣ ва дигар корҳои ташкилиро дар сатҳи баланд анҷом дод.

Интихобот дар Сафорат то соати 20.00 ба вақти Минск идома хоҳад ёфт.

Муфассал...

Аксҳо...


Интихобот дар  Риёз

Субҳи имрӯз, 1 марти соли 2015, соати 07:00 ба вақти Риёз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тибқи маълумоти Комиссияи участкавии интихоботии назди Сафорат ба рӯйхати овоздиҳандагон дар маҷмӯъ - 152 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар Мамлакати Арабистони Саудӣ иқомат доранд, ворид карда шудааст.

То ҳолати соати 12:00 шаҳрвандони муқими Макка ва Мадина пурра овоз дода, маъракаи овоздиҳӣ дар участкаи интихоботӣ идома дорад.

Дар участкаи интихоботии назди Сафорат тамоми шароитҳои лозимӣ ҷиҳати тибқи қонунҳои ҷорӣ ҷараён гирифтани интихобот фароҳам оварда шудааст.

Аксҳо...


Интихобот дар Ашқобод

1 марти соли 2015 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Тибки рӯйхати умумии интихоботкунандагон аз 81 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон то соати 13:00 75 нафараш дар интихоботи вакилон иштирок кард.

Интихоботи вакилон дар шаҳри Ашхобод идома дорад.
Аксҳо...

Интихобот дар Анқара

Дар Участкаи интихоботии 69/17 дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.
То соати 10:00 аз 250 нафар шумораи ба қайд гирифташудагон 25 нафар шаҳрванди кишварамон дар овоздиҳӣ ширкат карданд, ки 10% интихоб кунандагони ҳавзаро дар бар мегирад.
Маъракаи интихоботӣ идома дорад.
Аксҳо...

Интихобот дар  Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай идома дорад ва то соати 12 нисфирӯзӣ дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Аксҳо...


Интихобот дар Қоҳира

Соати 8 субҳи 1 марти соли 2015 ба вақти Қоҳира Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср, ки дар он қитъаи интихоботӣ роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дарҳои худро ба рӯи интихобкунандагон боз намуд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Миср иқомат мекунанд ва ғолибан аз донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни кишвари мазкур иборат мебошанд, аз соатҳои нахустини ифтитоҳи қитъаи интихоботӣ дар раъйдиҳӣ фаъолона ширкат мекунанд.
Раъйдиҳӣ дар Қоҳира то соати 8 шом идома хоҳад ёфт.
Аксҳо...

 

Интихобот дар  шаҳри Остона

1 марти соли 2015 участкаҳои интихоботии №59/7 дар ш. Астана ва №80/28 дар ш. Алмаато аз соати 8-00 вақти қазоқистонӣ кушода шуданд.

То соати 13-00 дар участкаҳои интихоботӣ беш аз 50% шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати овоздиҳӣ дохил буданд, овоз доданд, ки ин аз иштироки фаъоли интихобкунандагон шаҳодат медиҳад.      

Аксҳо...


Интихобот дар Озарбойҷон

1 марти соли 2015, соати 8:00 ба вақти маҳалӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон овоздиҳӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Дар рафти интихобот нозирони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ Алиев Камил ва Юсифов Рамзи иштирок намуда, рафти овоздиҳиро назорат менамоянд.

Аз соати 8:00 то соати 11:00 аз 70 нафар шумораи ба қайдгирифташудаи интихобкунандагон 35 шаҳрванди кишварамон дар овоздиҳии ширкат варзиданд, ки 50 дарсади интихобкунандагонро ташкил медиҳанд.

Аксҳо...

Интихобот дар Теҳрон

Имрӯз, 1 марти соли 2015 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумхурии Исломии Эрон шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Эрон муваққатан зиндагӣ ё таҳсил менамоянд, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо фаъолона иштирок доранд.

Ҷавонон, ки нерӯи созанда ва ҳомиёни давлату миллатанд, дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ҳамеша пештоз мебошанд, яке аз аввалинҳо шуда донишҷӯёни Донишгоҳи умумипизишкии Исфаҳон, Донишгоҳи миллии Исфаҳон ва Донишгоҳи байналмилалии Имом Хумайнии Казвин дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар-интихоботи вакилони парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, райъи худро доданд.

Иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад.   

Аксҳо...


Интихобот дар Кувайт

Имрӯз, 1 марти соли 2015, соати 10 субҳ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт интихоботи вакилони Маҷилиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, то ҳол идома дорад.

Шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Кувайт дар интихобот фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Аксҳо...

Интихобот дар Покистон

1 марти соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон кору фаъолият менамоянд, ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба интихоб намудан татбиқ карда, имрӯз дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй медиҳанд.
 
Бояд қайд намуд, ки дар шумори интихобкунандагон донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Покистон умр ба сар мебаранд, мебошанд.

Аксҳо...


Интихобот дар Берлин

Дар участкаи интихоботии 65/13 Берлин-и Олмон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 8.00 ба вақти маҳаллӣ оғоз гардида, то ҳол идома дорад.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ тамоми чораҳои заруриро андешид.

Аксҳо...

Интихобот дар Афғонистон

1 марти соли 2015, соати 6 маъракаи овоздиҳӣ ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

То соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ, аз ҷумлаи 141 нафар дар рӯйхати интихоботӣ мавҷудбуда, 42 нафарашон ба номзадҳои интихобкардаи худ ва аҳзоби сиёсӣ овоз доданд.

Аксҳо...

Интихобот дар  Қирғизистон

Имрӯз участкаи интихоботии № 61/9 дар толори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба кори худ шуруъ намуд, ки то соати 10 вақти маҳаллӣ зиёда аз 15% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати овоздиҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, раъйи худро доданд, ки ин шаҳодати иштироки фаъоли интихобкунандагон мебошад.

Иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ идома дорад.
Аксҳо...

Интихобот дар шаҳри  Пекин

Соати 8:00 ба вақти Пекин, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин овоздиҳии интихобкунандагон ба вакилони вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо оғоз гардид.

Аз 120 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба рӯйхат гирифта шудаанд, 67 нафарашон то соати 9:30 ба ҳавзаи интихоботӣ омада, райъи худро додаанд.
Аксҳо...

Интихобот дар Япония

1 марти соли 2015 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар “кишвари офтобхез” иқомат ва таҳсил мекунанд, аввалин шуда дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, иродаи худро баён намуданд.

Дар Япония шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран донишҷӯён ва оилаҳои онҳо мебошанд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Япония таҳсил мекунанд.

Участкаи интихоботии 79/27 – аз ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (марказаш дар ш. Токио Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония) аз соати 6.00 бо вақти маҳаллӣ кушода шудааст.
Аксҳо...

Нигористон

Тақвим