Маҷаллаи бонуфузи Ҷумҳурии Исломии Покистон «Daily Times» мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононовро таҳти унвони "Elections in the Republic of Tajikistan: some important legal points" (Назаре ба чанд ҷабҳаҳои ҳуқуқии интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон)–ро чоп намуд, ки дар он замимаҳои ҳуқуқии ташкил ва гузаронидани интихобот дар Тоҷикистон, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интихобот, аз ҷумла ваколатҳои Маҷлиси намояндагон, мақоми мустақили комиссияҳои интихоботӣ ва нозирони маҳаллию байналмилалӣ инъикос шудаанд.
Дар мақола ҳамчунин масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон инъикос ёфта, ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон-ҳамчун ҳомии Конститусия ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон нисбати шаффофу озод ва бо таври демократӣ гузаронидани интихоботи парламентӣ таъкид шудааст.