3 марти соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои марҳалаи 4-уми лоиҳаи “Таҳкими иқтидорҳои институтсионалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баргузор гардид.
Лоиҳаи мазкурро, ки баҳри мусоидат ба рушди касбии кормандони ҷавони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ва Ҳамоҳангсози доимии СММ, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев имзо карданд.
Худи ҳамин рӯз, дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин маросими имзои лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳадоти Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки ҷонибҳои лоиҳаи мазкур Ҳукумати Тоҷикистон ва Япония, БРСММ ва Намояндаи доимии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ муаррифӣ шуданд, доир гашт.
Бояд қайд кард, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла бо роҳи азнавсозии гузаргоҳҳои назорати сарҳадӣ мебошад.
Аз номи Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов имзо намуд.

