4 марти соли 2015, дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin 2015 дар гӯшаи Тоҷикистон мулоқот бо Котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок доштанд. Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Толиб Рифоӣ Тоҷикистонро кишвари дорои захираҳои бои сайёҳӣ баҳо дода, иброз дошт, ки табиати зебои Тоҷикистон ва мардуми меҳрубонаш ба таври ҳамешагӣ дар дили ӯ ҷой гирифтааст.
Дар рафти сӯҳбат Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов аз ҷаноби Толиб Рифоӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки моҳи июни соли 2015 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват ба амал овард ва ин даъват бо хушҳолӣ қабул гардид.