Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” дар Токио

07.03.2015 15:33

4 марти соли 2015 дар ш. Токио нишасти навбатии масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд.

Дар ҳошияи нишасти мазкур мулоқотҳои раҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон баргузор гардиданд.

Дар рафти мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон Соноура Кентаро гуфтугӯи судманд оид ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония сурат гирифт. Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф ва идомаи татбиқи лоиҳаҳои зерсохторию нақлиётӣ ва иҷтимоиро таъкид намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар ш. Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.

4 марти соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Фумио Кишида муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва сафирони кишварҳои узви "Муколамаи Осиёи Маркази + Ҷопон", ки  барои иштирок дар нишасти нуҳуми кормандони аршад ба Токио ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрии муштарак  Фумио Кишида даъват намуд, ки дар чаҳорчӯби муколамаи мазкур кишварҳои узви муколама ҳамкории амалиро ба роҳ монанд. Инчунин зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм таъкид гардид.

Дар рафти вохӯрии Н. Зоҳидӣ бо Намояндаи махсуси Ҷопон оид ба Осиёи Марказӣ Сафир Муто Акира масъалаҳои марбут ба самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон ва Япония, вазъи минтақа ва талошҳои муштарак дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон тавассути ҷалби ин кишвар ба раванди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар нишасти нуҳуми масъулони аршади кишварҳои узви «Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва назорати сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байни кишварҳои узви муколама муҳокима шуданд. Омодагӣ ба вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”, ки дар назар аст дар соли 2016 дар Ашхобод баргузор хоҳад гардид, баррасӣ шуд.

Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Япония” дар Токио

Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Япония” дар Токио

Нигористон

Тақвим