Вохӯрӣ бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон

14.05.2021 18:48

14 майи 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот миёни ҷонибҳо масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин оид ба имконияти таҳкими ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷаноби М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Конфронси    4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории он ду 26-29 июли 2021 дар Душанбе дар назар аст, пазируфт.

foto-14-05-2021-18-48.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим