Иштирок дар ҷаласаи изтирории Кумитаи иҷроияи СҲИ

17.05.2021 12:25

16 майи 2021 бо ташаббуси Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаласаи изтирории маҷозии Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии амалиёти низомии Исроил дар Фаластин ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СҲИ Акрам Каримӣ иштирок намуд.

Дар фароварди нишаст аз ҷониби Дабирхонаи кулли СҲИ ва кишварҳои узви Кумитаи иҷроияи ин созмон қатъномаи дахлдор қабул гардид.

IMG-1869.jpg

 

Нигористон

Тақвим